Тавлиди асал дар Тоҷикистон 132 тон афзоиш ёфт
Дар соли гузашта беш аз 266 ҳазор оилаи занбури асал парвариш дода ва дар ин муддат 4697 тон асал тавлид шуд, ки 132 тон бештар аз ҳамин муддати соли 2022 аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон изҳор дошт: Ҷашнвораи асал барои аввалин бор дар соли 2005 ба манзури тавсеаи соҳаи занбурдорӣ ва ташвиқи занбурдорон баргузор шуд
Ӯ гуфт:Барои афзоиши содироти асал бо ҳамкории Маркази тиҷорати байналмиллалӣ, беш аз сад намунаи асали Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои дорои эътибори байналмиллалии кишвари Олмон озмоишҳои озмоишгоҳиро гузарондаанд ва бо таваҷҷуҳ ба арзёбии мусбати онҳо вориди бозори кишварҳои Иттиҳодия Аврупо шудаанд.
Қурбон Ҳакимзода афзуд:мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд теъдод оилаҳои занбури асалро ба 600 ҳазор ва тавлиди асалро ба 14 ҳазор тон дар сол афзоиш диҳанд.
Барои тавсеаи саноъати занбурдорӣ дар Тоҷикистон, риштаи занбурдорӣ дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таъсис шудааст.