Баррасии мавзӯи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия
(last modified Tue, 06 Feb 2024 14:02:33 GMT )
Феврал 06, 2024 19:02 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзӯи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия

3-юмин нишасти Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуд.

Рӯзи  6 феврал, 3-юмин нишасти Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия бо ҳузури раҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг ва гардишгарии ҷумҳурии Туркия дар Истамбули Туркия баргузор шуд.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси тамоми мавзӯоти ҳамкориҳои гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баҳсу табодули назар ва тавсеаи мақосиди мухталифи гардишгарӣ ва афзоиш теъдоди гардишгарони тоҷик ва Туркияро муҳим арзёбӣ карданд.

Аз натиҷаи ин ҷаласа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Протокол ва Нақшаи амали он ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафар ҳайати Тоҷикистон дар Агентии муаррифӣ ва рушди сайёҳӣ (TGA), Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои давлатию тиҷоратии соҳаи сайёҳии Туркия бо роҳбарият мулоқот анҷом дод.

Зимни ҷаласаҳо оид ба сохтор ва фаъолияти ин ташкилот рӯнамоҳои дахлдор пешниҳод гардида, имконияти тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат  баррасӣ шуд.