Боздиди ҳайати Қирғизистон аз пешрафти кори неругоҳи барқи обии «Роғун»
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i111638
Ҳайати Қирғизистон бо пешрафти кор дар неругоҳи барқи обии «Роғун» ошно шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 06, 2024 19:46 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳайати Қирғизистон аз пешрафти кори неругоҳи барқи обии «Роғун»

Ҳайати Қирғизистон бо пешрафти кор дар неругоҳи барқи обии «Роғун» ошно шуд.

Жээнбек Кулубаев, вазири умури хориҷаи ҷумҳури Қирғизистон дар чорчуби сафари расмии худ ба ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешрафти кор дар таъсисоти неругоҳи барқи обии «Роғун» ошно шуд.

Мутахассисони неругоҳи барқи обии «Роғун» меҳмононро аз наздик бо проект ва раванди кор дар таъсисоти аслии неругоҳ ошно карданд.

Боздид аз иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4), сарбанди бунёдшавандаи хокию сангии баландтарини дунё бо иртиқои 335 метр, обқабулкунакҳои асосии неругоҳ дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар иншооту нақбҳои нақлиётию дастрас, ки ҳама дар зери замин ҷойгир мебошанд, барои ҳайати дипломатҳо  мароқангез ва қобили таваҷҷуҳ буд.