Мулоқоти сафири Эрон бо муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 17 баҳман (6 феврал) бо ҳузур дар Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Фаррух Шарифзода, муовини тозамансубшудаи вазири умури хориҷа мулоқот кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор тарафайн вазъияту ҳамкориҳои ҷории ҳоким бар равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин чашмандози густариши муносиботи байни ду кишварро мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор доданд.
Вай бо ишора ба раванди рӯ ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, дар партави иродаи раҳбарони олии ду кишвар дар солҳои ахир, ибрози итминон кард, ки ин масир бо суръати бештаре идома хоҳад ёфт.
Дар ин дидор Шарифзода зимни истиқбол аз табодули ҳайатҳои олирутба, суръат бахшидан дар иҷрои асноду тавофуқоти имзошуда байни ду кишварро ҳоизи аҳамият донисту бар омодагии Тоҷикистон барои идомаи раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳо таъкид кард.