Сегрт бо тими миллии футболи Тоҷикистон худоҳофизӣ кард
Тими мунтахаби Тоҷикистон бо сармурабигарии дусолаи Петр Сегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз, дар 7 бозӣ мусовӣ ва дар 6 мусобиқа бохтааст.
Ба гузориши “Спутник, ба нақл аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон, сармураббии хорватии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон Петр Сегрт ба далели ба итмом расидани муҳлати шартномааш, бо ин тим худоҳофизӣ мекунад.
Федератсияи Футболи Тоҷикистон ба Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар замони сармурабигии Сегрт тими мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалии "King's Cup-2022" дар Таиланд ва соли 2023 дар "Ҷоми Мердека" дар Малайзия шуд.
Федератсияи Футболи Тоҷикистон афзуд, ки номи сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон рӯзҳои наздик эълом хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҷойгоҳи тими мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз намоиши бомуваффақият дар бахши ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар раддабандии Федератсияи Байналмилалии Футбол ба таври назаррас боло рафтааст.
Дар раддабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон ҳафт зина боло рафта, дар ҷойгоҳи 99-ум қарор гирифтаст, ки ин беҳтарин натиҷа дар таърихи тими миллии футболи Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.