Афзоиши сармоягузорӣ дар неругоҳи "Роғун" аз буҷаи давлатии Тоҷикистон
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон соли гузашта дар нақша доштанд, ки 2.5 миллиард сомонӣ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" сармоягузорӣ кунанд, аммо дар амал афзоиши дубаробариро шоҳид буданд.
Аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтусози неругоҳи “Роғун” дар соли гузашт 5.2 миллиард сомонӣ харҷ шуд, ки нисбат ба нақша 2.7 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Ин нуктаро вазири молияи Тоҷикистон - Файзиддин Қаҳҳорзода зимни тавзеҳи хароҷоти давлатӣ дар соли 2023 изҳор дошт.
Ӯ гуфт, соли гузашта нақшаи сармоягузориҳои "Роғун" 2.5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо бо назардошти ташаккули нишондиҳандаҳои буҷа ва манобеи дохилӣ, танҳо сармоягузорӣ аз буҷаи давлатӣ ду баробар афзоиш ёфт.
Қаҳҳорзода афзуд, ки соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 5 миллиард сомонӣ ихтисос дода шавад.
Вай афзуд, талош мекунанд 2.2 миллиард сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.
Ба гуфтаи вазир, ҳадаф аз ҷалби сармоя, нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ташкили ҷойҳои кори ва расидан ба истиқлоли энержӣ мебошад.
Мақомоти энержии Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки барои татбиқи тарҳи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 миллиард доллар сармоя ҷалб гардад ва бо ин ҳадаф феълан ҳамкорӣ дар ин самт бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар созмонҳои молии байналмилалӣ идома дорад.
Қаҳҳорзода гуфт, масъулони Бонки Ҷаҳонӣ баррасии тарҳи мазкурро рӯи даст гирифтаанд ва ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки ин баррасӣ ба ба натиҷа бирасад.