Феврал 17, 2024 11:48 Asia/Dushanbe
  • Имзои 26 мувофиқатномаи нав барои ҷазби сармоя аз сӯи давлати Тоҷикистон

Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон 26 мувофиқатномаи навро барои ҷазби сармоя имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон эълом кард, ки қарзи Тоҷикистон 3.6 миллиард доллар будааст.

 Вай гуфт: Қарзи давлат шомили 3.2 миллиард доллар қарзи хориҷӣ ва 400 миллион доллар қарзи дохилӣ аст.

 Вай гуфт: Кулли қарзи давлат ҳудуди 30 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ ва қарзи  хориҷӣ ҳудуди 27 дарсад кулли тавлиди дохилӣ аст.

 Ба гуфтаи вазир ҳаҷми кулли тавлиди дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 8 дарсад рушд дошта ва ба 131 миллиард сомонӣ расидааст

 Мизони пули ҷудошуда аз будҷа барои пардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 тавассути вазири моляи беш аз 274 миллион доллар баровард шудааст.

 Вай афзуд: Дар соли гузашта 26 қарордоди нав барои ҷазби эътибор барои иҷрои 24 проект имзо шуд, ки маблағи он ҳудуди 572 миллион доллар буда, ки аз ин мизон 374 миллион доллар муодили 65 дарсад кумаки ройгон ва наздик ба 192 миллион доллар муодили 33.5 дарсад будааст.

 

Барчасп