Баргузарии мусобиқоти байналмилалии бокс дар Тоҷикистон
Мусобиқоти байналмилалии бокси қаҳрамононии Осиё дар маҷмуъаи варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи бокси Тоҷикистон Баҳодур Усмонов бо шикасти ҳарифи боксиёри худ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон унвони қаҳрамонии мусобиқоти байналмилалии бокси шаҳри Душанберо аз он худ кард. Ин мубориза дар вазни 63.5 килограм баргузор шуд.
Акмал Убайдов низ дар вазни 57 килограм муқобили варзишкори аз Қазоқистон ба пирузи расид.
Шамшер Саидов дар вазни 67 килограм ҳам дар даври шашум муқобили ҳарифи аз Қирғизистон баранда шуд.
Аммо Шавкати Раҳимов дар ранди ёздаҳум мағлуби Эдвордо Нунз шуд.
Дар ин рақобатҳои байналмилалии муборизаи асли байни Шарафуддин Атоев намояндаи Русия ва Олфунсу Думингз аз Озарбойҷон барои дарёфти камарбанди анҷумани байналмилалии бокс баргузор шуд.
Мубориза дар вазни 86 килограм бо қаҳрамонии Атоев ба поён расид.
Атоев 24 сол син дорад ва дар тамоми ҳафт мубориза ҳирфаи худ пируз шудааст. Думингзи 28 сола дорандаи медоли биринҷии олимпии Токё ва қаҳрамони мусобиқоти ҷаҳонии 2021 аст.