Фаъолияти 6 бунгоҳи нав дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд
(last modified Tue, 20 Feb 2024 08:04:45 GMT )
Феврал 20, 2024 13:04 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти 6 бунгоҳи нав дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд

Дар соли гузашта 6 бунгоҳи нав дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд шурӯъ ба фаъолият карданд, ки шумори онҳо ба 35 расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин хабарро Муҳаммад Муҳаммадзода, раиси минтақаи вежаи иқтисодии Суғд эълом кард.

 Вай гуфт: Арзиши тавлидоти саноъатӣ дар соли гузашта ба 352.9 миллион сомонӣ расид, ки 10.2 миллион сомонӣ бештар аз соли 2022 аст.

 Бар асоси иттилооти ироашуда, содироти маҳсулоти "Суғд" ба кишварҳои Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Ироқ, Туркия ва Афғонистон будааст.

Раиси минтақаи озод таъкид кард, ки мизони сармоягузории бевосита 32 миллион сомонӣ буда, ки нисбат ба соли 2022 беш аз 8.3 миллион сомонӣ аст.

 Ҳамчунин дар минтақаи озоди иқтисодӣ 910 нафари нав ба кор фаро гирифта шуда ва бар ин асос 111 ҷои кори нав  эҷод шуд