Густариши ҳамкории тиҷории Тоҷикистон бо Олмон
(last modified Thu, 22 Feb 2024 07:14:16 GMT )
Феврал 22, 2024 12:14 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории тиҷории Тоҷикистон бо Олмон
    Густариши ҳамкории тиҷории Тоҷикистон бо Олмон

Тоҷикистон ҳамкории худро бо устони Федератсияи Брандербурги Олмон афзоиш медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ” Ховар ” Эмомиддин Саторов , сафири фавқулода ва  томалихтиёри Тоҷикистон дар Олмон аз устони Федератсияи Брандербург боздид ва бо  муовини нахустивазир , вазири умӯри иҷтимоӣ , беҳдошт , идғом ва  ҳимоят аз масрафкунандаи Брандербург дидор ва гуфтугӯ кард .

Тарафайн дар ин дидор тамоюли худро барои фаъолсозӣ ва  тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф иброз карданд .

Ҳамчунин Эмомиддин Саторов бо Себастиан Совле , мудири иҷрои ожонси тавсеаи иқтисодии Брандербург  ( WFBB ) дидор кард .

Дар ин дидор тарафайн дар хусӯси ҳамкориҳои дуҷонибаи сӯдманд дар заминаҳои сармоягузорӣ , иқтисод ва  тиҷорат , саноеъ , манобеи энержиҳои таҷдидпазирв а  танзими фаъолиятҳои муштарак табодул назар карданд .