Феврал 25, 2024 20:55 Asia/Dushanbe
  • Футболбози тими миллии Тоҷикистон ба тими футболи

Бозикуни тими миллии футболи Тоҷикистон бо тими футболи Андиҷони Узбекистон қарордоди се сола имзо кард.

Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, Шаҳром Самиев, футболбозои тоҷик минбаъд фаъолияти худро дар тими "Андиҷон" -и Ӯзбекистон идома медиҳад, ин футболист пеш аз ин дар тимҳои Барқчӣ", "Помир", "Истиқлол", "Рубин", "Шериф", "Динамо-Авто", "Зимбру", "Торпедо-Жодино", "Ислоч" бозӣ кардааст.

Гуфтанист, Самиев аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Ӯ дар ин муддат 27 бозӣ дар тими миллӣ анҷом дод ва 7 гол басамар расонд.

Самиев дар Ҷоми миллатҳои Осиё- 2023 дар панҷ бозӣ барои тими миллии Тоҷикистон бозӣ кард.

 

Барчасп