Феврал 25, 2024 21:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури нозирони байналмилалӣ дар интихоботи порлумонии Беларус

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба унвони нозири хориҷии интихобот дар Беларус ҳузур дорад.

Ба гузориши Спутник, раъйгирӣ барои интихоботи намояндагони порлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ дар Беларус 25 феврал баргузор мешавад, тақрибан 300 нозири хориҷӣ дар ин кишвар ҳузур доранд.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба унвони нозири байналмилалӣ дар Беларус ҳузур дорад.

Худоёрзода қаблан бо раиси Комиссияи марказии интихоботи кишвар, Игорь Карпенко, мулоқот карда ва ба сатҳи болои созмондиҳии раванди интихобот дар Беларус ишора кардааст.

Бахтиёр Худоёрзода баргузории интихоботи солиму эҷоди тамомии шароити лозим барои раъйгирии озоду одилонаро ёдовар шуд.

 

Барчасп