Ҷон бохтани 6 узви як хонавода аз дуди ангиштсанг дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112280-Ҷон_бохтани_6_узви_як_хонавода_аз_дуди_ангиштсанг_дар_Тоҷикистон
Шаш узви як хонавода дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштсанг ҷон бохтанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 01, 2024 16:43 Asia/Dushanbe
  • Марги 6 нафар бар асари дуди ангишт
    Марги 6 нафар бар асари дуди ангишт

Шаш узви як хонавода дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштсанг ҷон бохтанд.

Ба гузориши сомонаи “Пресса”, ҳодиса шаби 27- уми феврал, дар кӯчаи Гранзаводи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон рух додаааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шаш узви як хонавода: падар, модар ва 4 фарзанди онҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангиштсанг ҷон бохтаанд.

Ҳамаи онҳо шаб заҳролуд шудаанд, вале ҳамсояҳо ҳудудан соати 11-и рӯзи 28-уми феврал аз ин фоҷеа огоҳ шудаанд.