Тафсир: Тоҷикона мепушем
(last modified Sat, 02 Mar 2024 16:24:10 GMT )
Март 02, 2024 21:24 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Тоҷикона мепушем
    Тафсир: Тоҷикона мепушем

Аввалин шинохти таърих ва фарҳанги ҳар миллат бо либоси миллӣ оғоз мешавад.

Ҳамонтур ки қаблан гузориш шуда буд аз аввали март дар боғҳои фарҳангӣ ва тафреҳии саросари Тоҷикистон бо ҳузури занону духтарони вазоратхонаҳо, созмонҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ибтикори "Тоҷикона мепушем" иҷроъ мешавад.

Гуфтаниаст ки ин тарҳ ҳамаисолаи тавассути кумитеи кор бо занон ва хониводаи зери назари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад ва ҳадафи он ироаи либос миллӣ аст, зеро ҷаҳон миллати тоҷикро бо он мешиносад ва ба фарҳанги мунҳасир ба фарди шарқии он эҳтиром мегузорад.

Пушидани либоси миллӣ аз шиддати вуруди либос ва фарҳанги хориҷӣ ба кишвар мекоҳад. Пушок намояндаи давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ аст. Агар давлат аз як тараф бо қидосаташ шинохта мешавад: Нишон, парчам ва суруди миллӣ аз тарафи дигар бо либос ва фарҳангаш шинохта мешавад.

Аммо ахирани занону духтарони тоҷик ба далоилии камтари қадри ин сутуни муқаддаси миллатро медонанд ва арзиши миллии онро нодида мегиранд.

Ба иборати дигар духтарони тоҷики бештар аз либосҳои миллӣ ба либосҳои хориҷӣ тавваҷуҳ мекунанд.

Як зан тоҷик набояд ба ҷои либоси миллии худаш ба либоси хориҷӣ алоқа дошта бошад, зеро ин барои мо тоҷикҳо, мардумӣ бо фарҳанги зебо ва арзишманд ҷаззобияти надорад.

Бо иноят ба ин маворид, вазоратхонаҳо ва идороти марбута ба манзури риояти шеваи саҳеҳи пушиш ва тарвиҷи либоси миллӣ, роҳнамои либоси тавсияшуда барои духтарону занони Тоҷикистонро мунташир ва ба шаҳрвандони кишвар ироа карданд.

Ин дастуруламал ҷанбаи тавсяӣ дорад ва ба манзури танзими коди пушиши миллии ироа шудааст. Дар бахши ёздаҳуми дастуруламали роҳнамои либоси тавсияшуда барои духтарону занони Тоҷикистон, ки дар соли 2018 тавассути Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистони мунташир ва ба шаҳрвандони кишвари ироа шудааст, навишта шудааст ки духтарону занон бояд либосҳо ва пушишҳои русарии миллиро бапушад, либосҳои нимаи бараҳнаи аврупоӣ, доманҳои кутоҳ, деклера, топ, либосҳои нозук ки баданро нишон медиҳанд ва ҳамчунин берун рафтан дар маконҳои умумӣ бо соқҳои пайдо, либоси зер, либоси хона, караст, шалвори танг бо намои бадан, либосҳои сохта шуда аз порчаҳои маснуъи ки барои саломатиӣ зарар овар ҳастанд тавсия намешавад.

Ин дастуруламал ба манзури риояти шакли пушиш ва тарвиҷи либоси миллӣ Вазорати фарҳанг ва сохторҳои маҳаллии он ба ҳамроҳи кумитеҳои кор бо занон ва хонивода, ҷавонон ва варзиш, дастгоҳҳои иҷрои қудрати кишварии манотиқ, шаҳрҳу ноҳияҳо тадвин шудааст.

Масъулин бояд дар иҷрои он кумак кунанд ба дурустӣ гуфта мешавад ки зани тоҷик бо либоси миллии зеботар аз либоси дигар ақвому милал ба назар мерасад.

Бинобарин лозимаст занону духтарони тоҷики қадари либоси миллиро бидонанд ва ба он эҳтиром бигузоранд, зеро як зани тоҷик ҳамеша бо пушиши миллии худ шинохта шуда ва маврид эҳтиром аст.

Дар Тоҷикистон ба сахти метавон фардеро ёфт ки шифтаи ҷаззобияти атласи Суғд, Хатлони чакан, гулдузиҳои мунҳасир ба фарди минтақаи рашт, чаҳорхонаҳҳои шоҳонаи дарраи Ҳисор, рангҳои равшани пироҳану ҷуроби Бадахшон набошад.

Либоси миллии мо бо ин рангҳо дар дунёи арза шудааст бояд ба мардум мутазаккир шуд ки либоси миллии тоҷикҳо аз қадимулоём то ба имруз атлас ва адрас аст шоирон ва ҳунармандони бузурги ҳунари Тоҷикистон ки ба ин қидосати миллӣ воқиф ҳастанд ва дар осори онҳо таҷассум ёфта аст.

Бояд гуфт ки занону модарони тоҷик посдори суннатҳои муқаддаси миллат ҳастанд вақти суҳбат аз либос миллӣ мешавад, тасовири занони бо либосҳои хоси пеши чашмҳо меояд.

Умедаст духтарону модарони меҳрбони тоҷик дар ҳар замони либос бегона напушанд ва ҳамеша либоси зебои худро бар дигар либосҳо бартари диҳанд лозим ба ёдовари аст ки ибтикори "Тоҷикона мепушем“ дар Тоҷикистон то 31 моҳ май идома дорад.