Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибат фарорсидани моҳи мубораки Рамазон
(last modified Sun, 10 Mar 2024 05:03:14 GMT )
Март 10, 2024 10:03 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибат фарорсидани моҳи мубораки Рамазон
    Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибат фарорсидани моҳи мубораки Рамазон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони фарорасидани моҳи мубораки Рамазон моҳи тақво, раҳмату омурзиши гуноҳонро ба тамоми мардуми ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони дастуроти Қуръон ва аҳодиси Паёмбарро ёдовар шуд, ки Худованди Мутаъоли афроди исрофкунандаро дуст надорад.

Эмомалӣ Раҳмон бар аҳамияти риъояти қавонини танзими суннатҳо, ҷашнҳо ва маносик ва масъулияти волидайн дар баробари тарбияти фарзандон таъкид карда ва аз тамоми мардуми кишвар хостори риояти дақиқи ин аҳком шуданд.

Вай хотирнишон кард: Тазоҳур, зиёдахоҳи ва риоят накардани бархе мавозин ва меъёрҳои суннатҳо ва одобу русуми омиёна ва мазҳабӣ аз ҷумлаи монеъи иртиқои сатҳи зиндагии мардум аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дастуроти Қуръон ва аҳодиси Паёмбарро ёдовар шуд, ки фармудаи Худованди Мутаъоли афроди исрофкунандаро дуст надорад.

Эмомалӣ Раҳмон ба сафарҳои мутаъаддиди шаҳрвандон ба ҳаҷи умра ишора кард ва хотирнишон кард: Бар муъминон фақат як бори ҳаҷ воҷибаст.