Боздиди ҳайати аз Банки ҷаҳонӣ аз ниругораҳи обӣ-барқии Роғун
-
Боздиди ҳайати аз Банки ҷаҳонӣ аз ниругораҳи обӣ-барқии Роғун
Ҳайати мудираи иҷрои Банки ҷаҳонӣ дар чорчуби сафар ба Тоҷикистон бо пешрафти кории неругоҳи обӣ-барқии Роғун ошно шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли Азия Плюс, аз сафари ҳайати мудираи иҷрои Банки ҷаҳонӣ ба сарпарастии Усмолани Усмонзода муовини сарвазири Тоҷикистони ва бо ҳузури вазири молия ва вазири энергетика ва манобеи оби ин кишвар анҷом шуд.
Меҳмонон бо тавзеҳоти мутахассисони ширкати Роғун бо тарҳ ва мушаххасоти сохти ин таъсисоти обӣ-барқии дар Тоҷикистон ошно шуданд.
Неругоҳи Роғун бо зарфияти насбшудаи 3600 мегават ба бузургтарин неругоҳи обӣ-барқии Осиёи Марказӣ табдил шавад.
Ҳаҷми тавлиди барқи солона пас аз роҳандозии комили истгоҳ то 17 миллиард киловат соъат хоҳад буд.
Неругоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрии ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соъати барқ дар сол бузургтарин тарҳи обӣ-барқии дармантақа ба ҳисоб меояд.