Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Покистон
(last modified Mon, 11 Mar 2024 15:14:22 GMT )
Март 11, 2024 20:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Покистон
    Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Покистон

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осиф Алӣ Зардорӣ раиси ҷумҳури тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон паёми табрик ирсол карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар дар паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба Осиф Алӣ Зардорӣ раиси Ҷумҳурии Покистон омадааст:

Интихоби ҷанобиъоли ба унвони олитарин мақоми раёсати Ҷумҳурии Исломии Покистон ин ифтихорро дорам ки самимонаи табрику орзуи беҳтаринҳоро барои шумо бирасонам.

Мо аз сатҳи кунунии равобити дустона ва ҳамкории чандҷонибаи байни Тоҷикистон ва Покистон бисёр қадрдони мекунем.

Бо истифода аз ин фурсат бори дигар бар таъаҳҳуди тарафи Тоҷикистон ба густариши бештари онҳо бар асоси арзишҳои муштараки тарихӣ ва фарҳангӣ, руҳияи дарки мутақобил ва эҳтиром ва эътимоди мутақобил таъкид кунам.

Дар ҳоли ҳозир гуфтугуи фаъоли байнидавлатӣ дар болотарин сатҳро василаи муҳим барои тақвият ва густариши равобити байни ду кишвари дуст медонем.

Ман муътақидам ки бо талошҳои муштарак муҳтавои равобити байни кишварҳоямонро дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқаи дуҷониба ғанитар ва тавсеа хоҳем дод.

Барои шумо дусти азиз, саломатӣ ва беҳрузии комил ва дастовардҳои ҷадид дар кори масъулонаи давлатӣ, сулҳу саботи пойдор ва пешрафт ва саодати мустамар барои мардуми бародари Покистон орзумандам.