Сабти фаъолияти 4 ҳазор масҷид дар Тоҷикистон
Ба ивази ҳар 2000 сокини Тоҷикистон як масҷид вуҷуд дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин нишондод дар кишварҳои узви ИДМ 3 то 3.5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои тавсеаёфтаи ҷаҳон 5 то 5.5 ҳазор нафар аст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳудуд 4 ҳазор иттиҳодияи мазҳабӣ, яъне масҷидҳоро, ки озодона фаъолият мекунанд, расман сабт кардаанд.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо фаъолон ва рӯҳониёни ин кишвар баён кард.
Ба гуфтаи вай дар Тоҷикистон ба ивази ҳар 2000 шаҳрванд як масҷид вуҷуд дорад ва 67 иттиҳодияи мазҳабии ғайриисломӣ ба сурати озод дар кишвар фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, фурсатҳои зиёде барои шаҳрвандони кишвар эҷод шудааст то дар даврон истиқлол аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии худ истифода кунанд.
Эмомалӣ Рҳамон тасреҳ кард: Тоҷикҳо дар ҳифозат аз мероси динӣ, ғанисозии он ва ба таври куллӣ фарҳанг ва маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони Ислом саҳми арзандае доштаанд.