Гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раиси ҷумҳури Русия
(last modified Mon, 25 Mar 2024 11:54:06 GMT )
Март 25, 2024 16:54 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раиси ҷумҳури Русия

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Вай дар ин гуфтугӯ иқдоми террористии золимона ва хунин дар маҷмӯаи “Крокус сити ҳолл”-ро ба шиддат маҳкум ва таъкид кард, ки террористҳо на миллат, на ватан ва на имон доранд.

 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо орзуи шифои оҷил барои захмиён, маротиби тасалият ва ҳамдардии амиқ худро барои аъзои хонавода ва бастагони қурбониёни ин фоҷиаи ваҳшатнок иброз кард.

 Раҳмон ҳамчунин ҳамдардии шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия дар лаҳзоти ғамангези азодории миллӣ дар федератсияи Русия эълом кард.

 Тарафҳо ҳамчунин тамоюли худро барои идомаи ҳамкории наздик дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва нишонаҳои ифротгароии мазҳабӣ, ки таҳдиди ҷиддӣ барои амният ҳастанд, таъйид карданд.