Март 27, 2024 14:22 Asia/Dushanbe
  • Бозии тимҳои Тоҷикистон- Арабистон мусовӣ анҷом ёфт

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» мусовӣ анҷом ёфт,

Ба гузориши шабакаи "Варзиш 3", дидори тимҳои Тоҷикистон ва Арабистон дар ҳоле ба мизбони Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешуд, ки дар дақиқаи 25 ин бозӣ барқи варзишгоҳ қатъ шуд ва ба ҳамин далел бозӣ барои дақоиқе бо таваққуф ҳамроҳ буд.

Дар ҳоле, ки бозикунони ду тим аз ин иттифоқ шигифтзада буданд, чанд дақиқа баъд масъулони варзишгоҳ тавонистанд барқро васл кунанд то ба ин тартиб имкон идомаи бозӣ муяссар шавад.

Ҳамин мавзӯъ боис шуд то довар барои нима аввал даҳ дақиқа вақти талаф шуда бигирад, ки ин мавзӯъ нимаи аввалро то дақиқа 55 тӯлонӣ кард.

Дар даври баргашти мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон- 2026, пайкори тимҳои миллии Арабистон ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе соат 18:30 дақиқа ба вақти Теҳрон, дар Варзишгоҳи шаҳри Душанбе думбол шуд ва бозӣ бо тасовии як - як ба поён расид.

 

 

Барчасп