Боздиди ҳайати порлумонии Гурҷистон аз музеи миллии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i113214-Боздиди_ҳайати_порлумонии_Гурҷистон_аз_музеи_миллии_Тоҷикистон
Ҳайати порлумонии Гурҷистон ба раёсати NIKOLOZ SAMKHARADZE , раиси Кумитаи равобити байналмиллали парлумон , аз музеи миллии Тоҷикистон боздид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 02, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳайати порлумонии Гурҷистон аз музеи миллии Тоҷикистон
    Боздиди ҳайати порлумонии Гурҷистон аз музеи миллии Тоҷикистон

Ҳайати порлумонии Гурҷистон ба раёсати NIKOLOZ SAMKHARADZE , раиси Кумитаи равобити байналмиллали парлумон , аз музеи миллии Тоҷикистон боздид кард.

 Меҳмонон аз салонҳои намойишгоҳи “Қарни санг”, “Қарни биринҷ” , “ Сафолкорӣ ”, “Ҳахоманишиён “Сикка ”, “Кӯшониён ” , “Панҷакенти бостон”, “Мероси хаттӣ ” , “Аҷинатеппа ” ва  толори “Ҳадоёи раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ” дидан карданд ва бо таърихи ғании миллати тоҷик , фарҳанги рангоранг ва шоҳкорҳои беназири ниёкони мо ки бозтоби фарҳанги миллати тоҷик дар тӯли таърихи бостонаст, ,ошно шуданд.

Дар интиҳои боздид , ҳайати порлумонии Гурҷистон бардошти худро дар китоби “Меҳмонони ифтихории” Музеи миллӣ сабт карданд .