Афзоиши гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва Покистон
(last modified Wed, 03 Apr 2024 06:45:56 GMT )
Апрел 03, 2024 11:45 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва Покистон дар соли гузашта 1.6 баробар афзоиш ёфт.

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистону Покистон дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 1.6 баробар афзоиш ёфт ва ба 52.7 миллион доллар расид.

Ин омор дар дидори Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фаррух Шаҳзад Рао, мудири кулли Гурӯҳи миллии логистикии Ҷумҳурии Исломии Покистон эълом шуд.

Дар ин дидор тарафайн имкони густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд ва таваҷҷуҳи вижае ба содироти мева ва сабзиҷоти пок аз назари зистмуҳитӣ аз Тоҷикистон ба Покистон доштанд.