Апрел 03, 2024 17:34 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эронро маҳкум кард
    Тоҷикистон ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эронро маҳкум кард

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурияро ба шиддат маҳкум кард.

Ин вазоратхона дар баёнияе навишт: Мо чунин иқдомотеро ки нақзи қавонини байналмилалӣ, ба вижа конвенсияҳои Вена аст, мутлақан ғайриқобили қабул медонем.

Нишаст изтирории Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи ҳамлаи режими Исроил ба консулгарии Эрон 14 фарвардини моҳи 1403, баробар бо 2 апрели соли 2024, бо ҳузури ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.

Намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал дар номае ба Шӯрои амният, дар пайи ҳамлаи режими Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия, аз ин шӯро хост, ин иқдоми ҷинояткоронаро ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум ва нишасте фаврӣ барои расидагӣ ба нақзи ошкори меъёрҳову усули ҳуқуқи байналмилал тавассути режими Исроил баргузор кунад.

Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи душанбе дар иттилоияе эълом кард: Дар пайи шикастҳои тармимнопазири режими гургсифати саҳюнистӣ баробари муқовимати Фаластин ва истодагии мардуми Ғазза ва саршикастагӣ муқобили иродаи пӯлодини размандагони ҷабҳаи муқовимати исломии минтақа, асри рӯзи душанбеи 2 апрели 2024 ҳавопаймоҳои ин режими ҷаълӣ дар ҷинояте ҷадид сохтмони консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқро мавриди ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод, ки бар асари ин ҷиноят сардорони рашиди мудофеи ҳарам, сартипи посдор Муҳаммадризо Зоҳидӣ ва сартипи посдор Муҳаммадҳодии Ҳоҷираҳимӣ, аз фармондеҳон, пешкисватон ва ҷонбозони сарафрози дифои муқаддас ва мусташорони низомии аршади Эрон дар Сурия ва 5 тан аз афсарони ҳамроҳи онон ба файзи шаҳодат ноил омаданд.

 

Барчасп