Сафари расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов , раиси Ҷумҳӯри Туркманистон ба Тоҷикистон
Апрел 04, 2024 12:37 Asia/Dushanbe
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов , раиси Ҷумҳӯри Туркманистон дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тоҷи гул гузошт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар ; Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов , раиси Ҷумҳӯри Туркманистон имрӯз дар чорчӯби сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон , бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ , воқеъ дар майдони "Дӯстӣ ” шаҳри Душанбе тоҷи гул гузошт.
Қоҳир Расулзода , нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигари мақомот меҳмони олирутбаро дар ин маросим ҳамроҳӣ карданд .
Ҳадаф аз ин сафар , дидору музокироти давлатӣ дар сатҳи олӣ ва имзои чанд санади ҳамкории ҷадиди байни Тоҷикистон ва Туркманистони эълом шудааст .