Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вазири амнияти умумии Ҷумҳурии Мардумии Чин
(last modified Fri, 05 Apr 2024 12:15:57 GMT )
Апрел 05, 2024 17:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вазири амнияти умумии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ван Сяохун, узви Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ҷонибҳо робитаҳои ду давлат ба сатҳи баланд расида, дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба ба таври рӯзафзун густариш меёбанд.

Масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  ва кибер-ҷиноятҳо  аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буданд.