Апрел 07, 2024 17:52 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Душанбе аз тасмими якҷонибаи Анкара барои тағйири низоми раводид

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳеҷ иттилоияи расмӣ аз тарафи Туркия дар робита бо барқарории низоми раводид (виза) барои тоҷикҳо дарёфт накардааст, бо ин ҳол Душанбе дар ҳоли омодасозии иқдомоти талофиҷӯёна аст.

Ба гузориши ИРНА, Шоҳин Самадӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба Азия Плюс гуфт, бар асоси равияи байналмилалӣ, тарафи турк бояд аз қабл ба Тоҷикистон дар мавриди таърихи эъмоли низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ медод бо ин вуҷӯд Туркия ба таври расмӣ лағви раванди қаблӣ (лағви раводид)-ро эълом накардааст.

Ӯ таъкид кард, тарафи Тоҷикистон ҳануз чунин иттилоотеро аз тариқи каналҳои дипломатӣ дарёфт накардааст.

Ба гуфтаи вай, дар ин росто, вазорати умури хориҷа қабл аз дарёфти иттилооти расмӣ аз тарафи Туркия, ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки қасди сафар ба Туркияро доранд, тавсия мекунад, мадорики лозимро барои сафари барномарезӣ шуда ба диққат омода кунанд.

Самадӣ гуфт, ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки қасд доранд аз масири Туркия ба унвони транзит барои сафар ба кишварҳои солис истифода кунанд, тавсия мешавад, масирҳои дигари сафарро дар назар бигиранд. Вай хотирнишон кард, тарафи Тоҷикистон бар асоси асли амали мутақобил дар ҳоли баррасии мавзӯи эҷоди низоми раводид барои шаҳрвандони Туркия аст.

Пештар расонаҳо гузориш дода буданд, ки Туркия ба дастури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия низоми лағви раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳолати таълиқ даровардааст.