Апрел 13, 2024 12:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори Рустам Эмомалӣ бо раиси Иттиҳодияи байналмилалии бокс

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлис олии Тоҷикистон бо Умар Кремлиёв, раиси Иттиҳодияи байналмилалии бокс дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор вазъият ва чашмандози ҳамкориҳо дар заминаи тавсеаи варзиши Тоҷикистон ба вежа бокс мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафҳо ҳамчунин аз сатҳ ва сифати равобити дуҷониба ибрози ризоят карданд ва барои ҳамкории наздик ва дуҷониба байни Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии бокс дар оянда изҳори умед карданд.

 

Барчасп