Апрел 14, 2024 22:23 Asia/Dushanbe
  • Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, вазъияти Афғонистон метавонад ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро таҳти таъсир қарор диҳаду мунҷар ба тағйири мувозинаи геополитикӣ дар саросари АвруОсиё шавад.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вузарои хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Минск - пойтахти Беларус изҳор дошт: Вазъияти Афғонистон метавонад ҳамаи кишварҳои ИДМ -ро таҳти таъсир қарор диҳаду мунҷар ба тағйири мувозинаи геополитикӣ дар саросари АвруОсиё шавад.

Вай ҳамчунин муддаӣ шуд, кишварҳои ИДМ бо чолишҳои амниятии бесобиқае рӯ ба рӯ ҳастанд, бинобарин бояд иқдомоти муассиртаре барои беҳбудии вазъияти амниятии минтақа анҷом диҳанд.

 

Барчасп