Апрел 16, 2024 10:45 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон барои шаҳрвандони Туркия режими визаро дар назар гирифтааст

Бо такия ба фармони давлати Тоҷикистон дар санаи 28 марти 2024 ба манзури иҷрои асли амали мутақобил аз 20 апрели 2024, низоми виза ё раводид барои дорандагони гузарномаҳои Туркия ҷорӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шаҳрвандони Туркия метавонанд визаи Тоҷикистонро дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои хориҷ аз кишвар дарёфт кунанд.

 Пеш аз ин тасмими Туркия барои эҷоди низоми виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои гузарномаи оддии хориҷӣ ҳастанд, гирифта шуда буд. Ин фармон тавассути Раҷаб Тайиб Ардуғон, раҳбари Туркия имзо шуд. Ин санад дар рӯзномаи расмии давлат мунташир шуд ва аз лаҳзаи интишор лозимулиҷро шуд.

Акнун шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қабл аз сафар аз намояндагиҳои дипломатии Туркия раводид дарёфт кунанд.

 

Барчасп