Апрел 17, 2024 14:58 Asia/Dushanbe
  • Бозии тими олимпии зери 23 соли Тоҷикистон

Тими олимпии зери 23 соли Тоҷикистон аввалин бозии худро баргузор кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ тими олимпии Тоҷикистон бо натиҷаи 2 бар 4 мағлуби қаҳрамони феълии Ҷоми миллатҳои Осиё, зери 23 сол (Арабистони Саудӣ) шуд.

Гуфтанӣ аст, тими олимпии зери 23 соли Тоҷикистон дар гуруҳи “C”-и Ҷоми миллатҳои Осиё - 2024 дар Давҳа бо тимҳои Ироқ (19 апрел) ва Таиланд (22 апрел) низ рақобат хоҳад кард.

 

Барчасп