Э.Раҳмон: Италияро шарики муҳиму қобили эътимоди худ дар Аврупо медонем
(last modified Wed, 24 Apr 2024 08:30:08 GMT )
Апрел 24, 2024 13:30 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Эмомалӣ Раҳмон ва Серҷио Мотторелло
    Ройзании Эмомалӣ Раҳмон ва Серҷио Мотторелло

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон ҷумҳурии Италияро шарики муҳиму қобили эътимоди худ дар Аврупо медонад.

Ӯ бо эъломи ин матлаб дар таърихи 23 апрел дар дидор бо Серҷио Моторелло, раисиҷумҳури Италия изҳор дошт, ки Италия шарики муҳиму қобили эътимоде барои Тоҷикистон дар Аврупо аст.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди бахши васеъе аз мавзӯоти ҳамкорӣ байни ду кишвар ва густариши равобит дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин имкони иҷрои пружаҳои сармоягузории муштарак баҳсу табодули назар карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор аз раисиҷумҳури Италия барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи як сафари расмӣ дар ҷумҳурии Италия ба сар мебарад.