Апрел 26, 2024 19:27 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 3 (5) - Таиланд 3 (6)
    Тоҷикистон 3 (5) - Таиланд 3 (6)

Тими миллии футзали Таиланд бо бартарӣ баробари Тоҷикистон роҳии дидори ниҳоии Ҷоми миллатҳои футзали Осиё шуд.

Ба гузориши шабакаи “Варзиш”-и Тоҷикистон, 26-уми апрел дар Бангкок бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 баргузор шуд, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ бо Таиланд - тими мизбон вориди рақобат шуд.

Дидори тимҳо дар маҷмааи варзишии мусаққафи Ҳуамарки Бангкок баргузор шуда, ба суди тими мизбон анҷом ёфт. Вақти асосии бозӣ 3 бар 3 мусовӣ ба поён расид ва дар зарбаҳои пеналтӣ тими Тоҷикистон аз Таиланд бо ҳисоби 6 бар 5 бозиро бохт.

Дар нахустин дидори марҳалаи ниманиҳоии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои футзали Осиё-2024, имрӯз – ҷумъа, аз соати 14:30 тими миллии футзали Таиланд, ки мизбони ин давра аз мусобиқот аст, ба масофи Тоҷикистон рафт, ки ин бозӣ пас аз тасовии 3 ба 3 дар вақтҳои қонунӣ ва вақтҳои изофа, ба заработи пеналтӣ кашида шуд.

Тоҷикистон - 5 Таиланд - 6

 

Дар заработи пеналтӣ тими Таиланд муваффақ шуд бо натиҷаи 6 бар 5 ба бартарӣ бирасад ва ба финали Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёбад.

Тими футзали Тоҷикистон муборизаро барои ҷои сеюми Ҷоми миллатҳои футзали Осиё идома медиҳад.

 

Барчасп