Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ дар Женева
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i114364-Баррасии_ҳамкории_Тоҷикистон_ва_дафтари_ҳамоҳангии_умури_башардӯстонаи_СММ_дар_Женева
Ҳамкории байни Тоҷикистон ва дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 15, 2024 19:45 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ дар Женева

Ҳамкории байни Тоҷикистон ва дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Шараф Шерализода, сафири Тоҷикистон дар конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо Абдулҳақ Амирӣ, раиси идораи Аврупо ва Осиёи марказии дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ дидору гуфтугӯ кард.

 Дар ин дидор тарафҳо дар мавриди масоили муҳимми ҳамкории байни Тоҷикистон ва дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ  гуфтугӯ карданд.