Имзои чанд санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Индонезия
(last modified 2016-08-01T16:17:35+00:00 )
Август 01, 2016 21:17 Asia/Dushanbe
  • Имзои чанд санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Индонезия

Дар ҳузури раисони ҷумҳурии Индонезия ва Тоҷикистон чанд санади ҳамкорӣ, миёни мақомҳои ду кишвар ба имзо расид.

Ба гузориши хабаргузории "Ховар", Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сафари расмӣ дар Индонезия ҳузур дорад, субҳи имрӯз (душанбе) мавриди истиқболи ҳамтои индонезии худ, Ҷоко Видодо қарор гирифт.

Дар ин мулоқот масоили рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ гардид.

Дар ин музокирот ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Индонезия дар арсаи илм, омӯзиш ва парвариш ва фарҳанг мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Омодагии барои мубориза бо тероризм ва кумак ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон низ аз ҷумлаи мавзӯҳое буд, ки дар дидори Раҳмон ва Видодо мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар поёни ин дидор созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия имзо шуд.

Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумотҳои молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.