Май 25, 2024 10:41 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои комили нақшаи даъват ба хизмати  сарбозӣ дар Тоҷикистон

Нақшаи даъват ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон 100 дарсад иҷро шудааст.

 Ба гузориши Азия-Плюс, дар иттилоияи Вазорати дифоъ омадааст бар асос оморҳои мавҷуд, бо таваҷҷуҳ ба шумораи зиёди довталабон ба вежа ҷавонони бо таҳсилоти олӣ, ки моил ба узвият дар неруҳои мусаллаҳ ҳастанд, нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати  сарбозӣ дар Тоҷикистон муваффақиятомез арзёбӣ мешавад.

 Бар асоси ислоҳияҳои қонуни «Хизмати сарбозӣ» мусавваби соли 2021, афрод дар синни сарбозӣ мумкин аст ба муддати ду сол дар артиш хидмат накунанд, аммо ба унвони бахше аз неруи эҳтиётӣ хидмати сарбозиро анҷом диҳанд.

 Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз аввали апрел оғоз шуда ва бар асоси барномарезии анҷомшуда то 31 май ба поён мерасад.

 Шаҳрвандони мутаваллид солҳои 1997 то 2006 барои хидмат дар артиши Тоҷикистон фаро хонда мешаванд.

 

Барчасп