Тафсир: Нигаронии Тоҷикистон аз интиқоли тероризм аз Афғонистон
(last modified Tue, 04 Jun 2024 16:43:08 GMT )
Июн 04, 2024 21:43 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Нигаронии Тоҷикистон аз интиқоли тероризм аз Афғонистон
    Тафсир: Нигаронии Тоҷикистон аз интиқоли тероризм аз Афғонистон

Раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе таъкид кард Афғонистон зери султаи Толибон бори дигар ба маркази тероризм табдил шудааст.

Рустами Эмомалӣ, ки дар нишаст раисони порлумони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Датсаҷамъи дар Алмотии Қазоқистон сухан мегуфт мадориси динӣ дар Афғонистонро омили парвариши ҷиҳодгарон интиҳорӣ донист. Ба гуфта Рустами Эмомалӣ, беш аз як ҳазор мадрисаи динӣ дар Афғонистон эҷод шуда аст ки бештари онҳо дар вилоёти марзии Афғонистон қарор доранд.

Ба гуфта Рустами Эмомалӣ кишварҳои узви Созмони Паймони Амният Дастаҷамъи набояд таҳдидоти билқувва аз марзҳои ҷануби худро нодида бигиранд ва дар мавриди хуруҷи мадориси динӣ дар Афғонистон бетафовут бошанд. Вай ҳамчунон ҳушдор дода аст ки идомаи вазъияти ҷорӣ дар Афғонистон пайомадҳои бисёр мухаррибиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дунбол хоҳад дошт.

Ин изҳори нигарони дар ҳоле баён мешавад ки пештар Қазоқистон эълом кард ки номи Толибонро аз феҳристи гуруҳои террористӣ ҳазф карда аст. Қосим Жормат Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон гуфта аст кишвараш бо тавваҷуҳ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон, Толибонро аз феҳристи террористӣ ҳазф карда аст.

Ахирани Русия низ нармишҳои дар таъомул бо Толибон нишон дод ки ба назар мерасад Қазоқистон анро барои таъомул бо Толибон фурсат талаққӣ карда аст аммо Тоҷикистон ҳамчунон таъомил бо ин гуруҳро хатои стротеги ва ғайри қобили ҷуброн талаққӣ мекунад.