Паёмадҳои афзоиши истифодаи Тоҷикистон аз ангишт
Дар Тоҷикистон таии соли гузашта беш аз як миллиону 100 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки дар торихи ин кишвар рекорд ба ҳисоб меояд.
Ба иттилои Спутник, бо афзоиши истихроҷ ва корбурди густардаи ангишт дар Тоҷикистон коршиносон дар бораи паёмадҳои зистмуҳитии ин барномаҳо ва ақиб мондани ин кишвар аз нигоҳи истифода аз фанновариҳои ҷадид ҳушдор медиҳанд .
Муаззам Бурҳонова, масъули Созмони ибтикороти шаҳрвандии Тоҷикистон муътақид аст, истифодаи густарда аз ангишт дар бахши санъат аз ҷумла завби оҳан, тавлиди семент ва ғиштпазӣ метавонад муҷиби олудагии шадиди муҳути зист шавад, ки бо афзоиши бемориҳои танаффусӣ ва олудагии манобеи обу хок ҳамроҳ хоҳад буд .
Коршиносон бар зарурати истифода аз манобеи таҷдидпазири энержӣ назири энержии офтобӣ дар Тоҷикистон ва маҳдуд шудани корбурди ангишт сирфан ба корхонаҳои санъатӣ дар хориҷ аз шаҳрҳо таъкид мекунанд .
Бештари кишварҳои ҷаҳон истифода аз ангиштро канор гузошта ва ба сӯи фанновариҳои ҷадид ҳаракат мекунанд, ки ҳам барои муҳити зист муҳим аст ва ҳам муҷиби афзоиши тавлиди маҳсулоти мухталифи санъатӣ мешавад.
Тоҷикистон дар паи қатъи гази содиротии Узбакистон дар соли 2012 истифода аз ангиштро барои фаъолияти корхонаҳои санъатӣ ва бахши хонагӣ оғоз кард ва акнун 200 маркази тавлидӣ дар ин кишвар, ин навъи сӯхтро ба кор мебаранд .