Июн 15, 2024 18:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳияи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 дар шаҳри Қазон

Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 дар шаҳри Қазон иштирок намуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар 12 июн дар бинои консертии ба номи Илгам Шакироваи Маркази байналмилалии намоишгоҳи "Қазон Экспо"-и шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия   кушодашавии тантанавии бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС-2024 баргузор шуд, ки дар он аз Тоҷикистон 110 варзишгар иштирок доранд.

Бозиҳои варзишӣ нахустин маротиба дар қолаби нав баргузор гардида, зимни он дар баробари варзишгарони кишварҳои БРИКС инчунин варзишгарони якчанд кишваре, ки аз ҷониби мизбони ин мусобиқаи сатҳи баланд даъват шудаанд, қувваозмоӣ менамоянд.

Ин бозиҳои варзишӣ 4000 варзишгарро аз 100 кишвари олам ба ҳам меоранд. Онҳо аз 12 то 23 июн барои ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯи 27 намуди варзиш дар 17 иншооти варзишии шаҳрҳои Қазон ва Москва рақобат менамоянд.Бояд гуфт, ки аз ҳайати 110-нафараи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 35 нафар вориди шаҳри Қазон шуда, дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 иштирок намуданд.

Барчасп