Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани маркази вокуниши гуманитарии СПАД дар Хатлон
(last modified Sun, 23 Jun 2024 06:04:21 GMT )
Июн 23, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани маркази вокуниши гуманитарии СПАД дар Хатлон
    Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани маркази вокуниши гуманитарии СПАД дар Хатлон

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишаст Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии хостори тақвияти марзҳои ин кишвар бо Афғонистон тавассути СПАД шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ 21 июн дар Алмато пешниҳод намуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон маркази вокуниши гуманитарии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ  таъсис дода шавад.

Ин барномаи қарор буд дар соли 2023 имзо шавад аммо ба соли 2024 мавкул шуд.

Пеш аз ин низ Имонқули Тосмагомбутов дабирикули Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ гуфта буд пешнавис ин барнома мавриди таъиди шурои ин созмони қарор гирифта аст.