Июл 10, 2024 11:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо нахуствазири Федератсияи Русия

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Михаил Мишустин, нахуствазири Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия дар ҳошияи ширкат дар чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Innoprom» бо Михаил Мишустин, нахуствазири Федератсияи Русия дидору  гуфтугӯ кард.

Тарафайн бар аҳаммияти ҳамкорӣ байни манотиқи Тоҷикистону Русия таъкид ва омодагии худро барои густариши равобит байни манотиқи ду кишвар эълом карданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Innoprom», ки дар Екатеринбурги Федерасияи Русия то 11 июл идома мекунад, ширкат доранд.

 

Барчасп