Магдебурги Олмон мизбони мусобиқоти саворкории Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Июл 16, 2024 17:23 Asia/Dushanbe
Шаҳри Магдебурги Олмон мизбони мусобиқоти саворкории Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.
Дар таърихи 13 июл мусобиқоти саворкории Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Магдебурги Олмон баргузор шуд. Гуннар Шелленбергер, раиси порлумони иёлати федералии Саксони - Анҳалт, суфарои теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони расонаҳои гуруҳӣ дар ин маросим ҳузур доштанд.
Ин мусобиқа бо шиори “Ба боми дунё хуш омадед! Тоҷикистонро бибинед, таҷриба кунед ва лаззат бибаред”, баргузор шуд ва ба ҳозирон ин имконро дод то бештар бо Тоҷикистон, ба вижа зарфияту фурсатҳои гардишгарии он ошно шаванд.
Барчасп