Июл 19, 2024 17:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ

Нишасти Комиссияи муштараки байндавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе ба раёсати Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва Роман Скляр, муовини аввали нахуствазири Қазоқистон баргузор шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар ин дидор вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн ва мавзуоти дастури кори нишасти ояндаи отии Комиссия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Мушаххас шуд, ки ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи вижа бархӯрдор аст ва тақвияти бештари равобит аз аҳаммияти аввалия бархӯрдор аст.

Image Caption

Дар ин нишаст масоили рушди минбаъдаи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳайатҳо ҳамчунин дар мавриди муҳимтарин мавзуоти ҳамкориҳои минтақаӣ табодул назар карданд.

 

Барчасп