Надоштани нақшаи хати оҳан тааҳҳудоти Эрон ба Тоҷикистонро ба таъхир андохтааст
(last modified 2016-08-02T06:53:54+00:00 )
Август 02, 2016 11:53 Asia/Dushanbe
  • Надоштани нақшаи хати оҳан тааҳҳудоти Эрон ба Тоҷикистонро ба таъхир андохтааст

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки Эрон ба далели дар ихтиёр надоштани нақшаи масири хати оҳани "Роҳи абрешим" аз як миллион доллар тааҳҳуди худ ба Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ фақат 200 ҳазор доллари онро пардохт кардааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт: "Эрон ба далели дар ихтиёр надоштани нақшаи бахши тоҷикистонии хати оҳани "Роҳи абрешим", танҳо як панҷуми тааҳҳуди худ ба Душанберо дар иҷрои ин тарҳ пардохт кардааст".

Ба гузориши ИРНА, Шералӣ Ганҷализода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт: "Эрон дар соли 2010 барои пардохти як миллион доллар кӯмак ба анҷоми корҳои фаннии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани "Роҳи абрешим" тааҳҳуд карда буд, ки бо гузашти шаш сол танҳо 200 ҳазор доллари онро пардохт кардааст".

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар айни ҳол эътироф кард, ки Эрон ба далели дар ихтиёр надоштани нақшаи масир, пардохти ин маблағро ба таъхир андохтааст.

Тӯли роҳи оҳани "Роҳи абрешим", ки Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро аз тариқи хутути реле ба ҳам муттасил мекунад, ду ҳазор километр аст, ки 580 километри он дар қаламрави Тоҷикистон аст.

Бар асоси баровардҳо ҳазинаи сохти ҳар километр аз ин хати оҳан ҳашт то 10 миллион доллар хоҳад буд.

Дар қисмати тоҷикистонии ин хати оҳан як нақб ба тӯли 16 километр ва 47 даҳанаи пул сохта хоҳад шуд.

Қарор аст, тирамоҳи имсол сарони панҷ кишвари муртабит бо ин хати оҳан дар Теҳрон шароит ва раванди иҷрои ин тарҳро баррасӣ кунанд.

Барчасп