Истифода аз вожаҳои ноошно дар рӯзномаҳои Тоҷикистон ҷарима дорад
Раиси Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо ишора ба тасвиби ҷарима барои нақзи муқаррароти забонӣ дар ин кишвар гуфт, ки рӯзноманигорони тоҷик ба тозагӣ аз вожаҳо ва истилоҳоте истифода мекунанд, ки бештари онҳо барои шаҳрвандони тоҷик номафҳум аст.
Рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба хотири истифода аз вожаҳои бегона ва берун аз меъёри забони тоҷикӣ ҷарима мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории "Спутник", раиси Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт: "Мақомоти ин кишвар гурӯҳе аз мутахассисонро созмондиҳӣ кардаанд, ки вазифаи онҳо контрол бар наҳваи истифода аз забони миллӣ дар матбуот ва расонаҳои ин кишвар аст".
Гавҳар Шарофзода афзуд, рӯзноманигорони тоҷик ба тозагӣ шурӯъ ба истифода аз ҷумалот, вожаҳо ва истилоҳоте кардаанд, ки бештари онҳо барои ағлаби шаҳрвандони тоҷик номафҳум аст.
Ин мақоми тоҷикистонӣ афзуд, дар мавориди нақзи муқаррароти забонии ҷадид дар ин кишвар барои афроди ҳақиқӣ аз 75 то 100 доллар ва барои мақомот ва ашхоси ҳуқуқӣ низ аз 150 то 200 доллар ҷарима дар назар гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тоҷикон дар замони шӯравӣ хатти алифбои форсии худро сараввал ба ҳуруфи лотин ва 10 соли баъд ба сириллик иваз кардаанд. Забони форсии тоҷикӣ дар ин солҳо ба шиддат таҳти нуфузи забони туркӣ ва русӣ қарор гирифтааст.