Русия: Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи парвозҳо бояд пойбанд бошад
Вазири ҳамлу нақли Русия таъкид кард, ки ин кишвар қасди шиддат бахшидани ихтилоф бо Тоҷикистонро дар робита ба парвози ҳавопаймоҳои мусофирабар надорад ва аз Душанбе мехоҳад, ки ба тааҳҳудоташ дар заминаи тавофуқоти дуҷониба амал кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Максим Соколов гуфтааст, ки Маскав ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори шиддат ёфтани ихтилоф бо Душанбе дар ин замина нест ва ин Тоҷикистон аст, ки бояд ба бандҳои тавофуқномаи дуҷониба дар заминаи риояти ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни ду кишвар мутааҳҳид бошад. Вазири ҳамлу нақли Русия бо истиқбол аз пешниҳоди ҳамтои тоҷикаш барои азсаргирии музокироти дуҷониба ва поён додан ба ихтилофи Душанбе ва Маскав бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар афзуд, дар авохири моҳи январ комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории Русияю Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар чорчӯби ин нишаст метавон мавзӯи поён додан ба ихтилофи Душанбе ва Маскавро бари сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар баррасӣ кард.
Пеш аз ин Русия бо ин иддао, ки идораи ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии "Ямал"-и Русия иҷозаи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро надодааст, иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон эйр”-ро лағв кард, ки ин иқдом мӯҷиби саргардонии теъдоди зиёде аз мусофирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург шуд. Акнун 25 рӯз аст, ки ихтилофи Душанбе ва Маскав бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ идома дорад. Коршиносон иллати умдаи ин ихтилофро масоили иқтисодӣ медонанд. Бештари парвозҳо дар масири Тоҷикистон - Русия дар ихтиёри Маскав қарор дорад ва ин сабаб шудааст, то қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба маротиб арзонтар аз нархи билети ширкатҳои тоҷикистонӣ бошад.