Гузориши Созмони ҳуқуқи башар аз вазъи бади ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон
Созмони дидабони ҳуқуқи башар аз бадтар шудани авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, дар соли 2016 ибрози нигаронӣ кардааст.
Ба гузориши сойти CA News, ин созмон дар ҷадидтарин гузориши хеш аз боздошт ва ба муддати тӯлони зиндонӣ шудани аъзои аршад ва фаъолони Ҳизби мамнуъ шудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, маҳкумияти теъдоде аз вакалони мудофеи ин афрод, таҳти фишор қарор додани бастагон ва хонаводаҳои мухолифини сиёсии ҳукумат, ки дар хориҷ басар мебаранд ва маҳдуд намудани фаъолияти нашрияҳои мустақил ба унвони нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ ёд кардааст.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки танҳо дар соли 2015 беш аз 150 нафар аз фаъолони сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо ангезаи сиёсӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Дар идомаи ин раванд, дар соли 2016 Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит-ду муовини раиси Ҳизби мамнуъ шудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳабси абад ва теъдоде аз аъзои шӯрои сиёсии ин ҳизб, ба беш аз 20 сол зиндон маҳкум шудаанд, ки аз дидгоҳи Созмони мудофеи ҳуқуқи башар аҳкоми содира алайҳи ин афрод аз сӯи Додгоҳи олии ин кишвар муғризона ва ғайримунсифона мебошад. Ҳамчунин аз соли 2014 дар Тоҷикистон 6 вакили мудофеъ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, ки баъдан теъдоде аз онон мавриди афв қарор гирифтаанд. Аз миёни ин афрод дар соли 2016, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ду вакили мудофеъи ҳизби мамнуъ шудаи ниҳзати исломии Тоҷикистон ба 26 ва 21 сол зиндон маҳкум шудаанд, ки иттиҳомоти онон беасос аст.
Аз сӯи дигар Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон, ки вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар соли 2016 ба баҳонаи таъмини амнияти иттилорасонӣ, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои бархе аз хабаргузориҳо ва нашрияҳои мустақилро масдуд кард, ки ба нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии шаҳрвандони ин кишвар ба ҳисоб меояд.