Январ 16, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
  • Талош барои беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон

Раиси донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон таъкид кард, ҳадафи аслии ин марказ, беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар ин кишвар аст.

Ба иттилои Спутник, Нуралӣ Салиҳов гуфтааст, ки бо вуҷуди ин талошҳо ҳануз ҳам манотиқи рустоии Тоҷикистон бо камбуди шадиди муаллимони забони русӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар ду соли ахир донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон давраҳои донишафзоӣ барои 167 устоди донишгоҳ ва 70 нафар муаллими забони русии мадориси давлатии ин кишвар баргузор кардааст.

Ҳамчунин 16 тан аз омӯзгорони забони русӣ аз манотиқи дурдасти Тоҷикистон дар донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон давраҳои 500 соатии омӯзиширо фаро гирифтаанд.

Салиҳов афзудааст, ба далели вуҷуди беш аз як миллион коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия ва афзоиши ҳамасолаи тоҷикистониҳои ҷуёи кор, дар ин кишвар зарурати беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ эҳсос мешавад.

Аз сӯи дигар бар асоси гузориши Вазорати маорифи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар мадориси давлатии ин кишвар камбуди беш аз 150 муаллими забони русӣ вуҷуд дорад.

Аммо бо вуҷуди фориғултаҳсил шудани солона наздик ба панҷ ҳазор муаллим аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба далели поин будани дастмуздҳо, мушкили маскан ва набуди шароити матлуби маишатӣ, аксари ин афрод ё ба кишварҳои дигар мераванд ва ё тарҷеҳ медиҳанд, ба корҳои ғайриомӯзгорӣ машғул шаванд.

 

 

Барчасп