Август 02, 2016 20:06 Asia/Dushanbe

Мақоми аршади иқтисодии тоҷик гуфт, созмонҳои‌ байналмилалии молӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро воқеъбинона арзёбӣ намекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Оморҳое, ки Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ дар иртибот бо рушди иқтисодии Тоҷикистон мунташир мекунанд, бархе аз воқеиятҳои иқтисодӣ ва молии ин кишварро нодида мегирад.

Вай афзуд: Милоки арзёбии дохилӣ ва хориҷии рушди иқтисод мутафовит аст ва оморҳои созмонҳоибайналмилалии молӣ дар бораи рушди иқтисодии Тоҷикистон камтар аз мизони воқеӣ аст.

Давлатзод ҳамчунин дар вокуниш ба ибрози нигарониҳо аз ҳаҷми анбуҳи сармоягузории Чин дар Тоҷикистон гуфт: Давлати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ дорад, аммо сармоягузории Чин дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон дар ҳадде нест, ки амнияти иқтисоди кишварро таҳдид кунад.

Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, сармоягузории Чин бештар дар сохторҳои зербиноии Чин монанди сохти роҳҳо ва купрукҳо аст ва ин масъала иқтисоди Тоҷикистонро таҳдид намекунад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин аз тарҳи давлати Душанбе барои тағйири модели иқтисодии ин кишвар хабар дод ва гуфт, тарҳи ҷадид то соли 2020 таҳаққуқ хоҳад ёфт.

Бар асоси ин тарҳ Тоҷикистон бояд аз кишвари масрафкунанда ба кишвари тавлидкунандаи коло табдил шавад.