Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон вуҷуди парвандаҳои сиёсӣ дар ин кишварро рад кард
Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 16 январ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иддао дар бораи нақзи пайвастаи ҳуқуқҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро беасос дониста таъкид кард, ки қонуни асосии ин кишвар хислати башардустона дорад.
Ба гуфтаи Шоҳиён парвандаҳои Зайд Саидов соҳибкори шинохта ва раиси Ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистон нав" ва инчунин Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеъ ангезаи сиёсӣ надошта, онон барои ҷурмҳои мухталиф аз ҷумла қаллобӣ маҳкум шудаанд.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон афзуд, ки бо назардошти ин бо арзёбии бархе созмонҳои байналмилаӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар мавриди сиёсӣ будани ҳукми ин ду нафар розӣ нест.
Дар баробари ин Додгоҳи олии Тоҷикистон ба се соли иловагӣ маҳкум шудани вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро рад кард. Шермуҳаммади Шоҳиён дар ин замина гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ дар нисбати Бузургмеҳр Ёров идома дорад ва хабарҳо дар мавриди ба се соли дигар маҳкум шудани ӯ асос надоранд.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси иттиҳоми нави додситонӣ, Бузургмеҳр Ёров барои “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият”, муттаҳам мешавад.
Бузургмеҳр Ёров аз сӯи додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли гузашта ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
Дар баробари ин раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабрнигорн гуфт, ки барои татбиқи ҳукми эъдом дар ин кишвар зарурате намебинад.
Ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён дар муддати 13-14 соле, ки ҳукми эъдом дар Тоҷикистон татбиқ намешавад, афзоиши ҷиноятҳои сангин сабт нашудааст.
Шоҳиён бо ишора ба дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон барои омӯхтани афкори омма дар мавриди ҳукми эъдом, афзуд, ки феълан иҷрои ҳукми эъдом ба таълиқ дароварда шуда ва ин мавқеи Тоҷикистон дуруст аст.
Ин дар ҳолест, ки феълан панҷ моддаи қонуни муҷозоти ҷиноии Тоҷикистон ҳукми эъдомро пешбинӣ мекунанд, аммо амалан он иҷро намешавад, зеро Тоҷикистон дар соли 2004 иҷрои ҳукми эъдомро ба таълиқ даровард.