Эҳтимоли маҳдудияти барқ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон
Ширкати барқи вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз эҳтимоли маҳдудияти барқ дар ин минтақа, ба далели сармои шадид ва ях задани рӯдхонаи Ғунд хабар додааст.
Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Далер Ҷумъаев, мудири ширкати барқи Бадахшон гуфтааст, ки ях задани рӯдхонаи Ғунд оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳи обии "Помир" дар шаҳри Хоруғро ба нисф коҳиш додааст ва танҳо роҳи раҳоӣ аз ин буҳрон маҳдудияти барқ аст.
Ҳарорати ҳаво дар Бадахшон дар рӯзҳои ахир ба зери 30 дараҷа ва шабҳо ба зери 50 дараҷа расидааст.
Агарчӣ чаҳор рӯзи пеш дар саросари Тоҷикистон ҷирабандии барқ лағв шуда ва Бадахшон танҳо минтақаи Тоҷикистон аст, ки дар фасли сармо 24 соата барқ дорад, аммо акнун эҳтимоли маҳдудияти интиқоли барқ дар ин вилоят матраҳ шудааст.
Мавзӯе, ки Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон бо он мухолифат карда ва аз мудирияти ширкати барқи ин вилоят хостааст, ки барои хуруҷ аз ин буҳрон, барқи интиқолӣ ба Афғонистонро қатъ кунанд то мушкили Бадахшон ҳал шавад.
Дар ҳамин ҳол Далер Ҷумъаев, мудири ширкати барқи Бадахшон гуфтааст, ки дар соли 2016 аз ин вилоят ба манотиқи ҳаммарзи Афғонистон 4 миллиону 700 ҳазор киловатт соат барқ содир шуда, ки 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ даромад доштааст.
Ба гуфтаи Ҷумъаев, барқи содиротии ширкати барқи Бадахшон ба Афғонистон танҳо 2,5 дарсад аз тавони нерӯгоҳи обии "Помир" аст.